Ба гузориши хабаргузории Абно, рӯзномаи «Майами Ҳералд» дар гузорише навишт: Иёлоти Муттаҳида омода аст дар сурати канорагирии фаврии Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла, амнияти ӯ ва хонаводаашро таъмин кунад.
Манобеъе, ки бо ин рӯзнома мусоҳиба кардаанд, гуфтаанд Вошингтон ба Мадуро, ҳамсар ва фарзандаш тазмини «убури амн» ироа хоҳад кард, агар ҳамин ҳоло аз қудрат канор биравад.
Бар асоси ин гузориш, мақомоти Каракас пешниҳод кардаанд, ки контроли сиёсӣ ба нерӯҳои мухолиф мунтақил шавад, дар ҳоле ки фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ ҳамчунон дар дасти раҳбарии феълӣ боқӣ бимонад.
Яке аз манобеъ ба «Майами Ҳералд» гуфт: Тамоси телефонии ахир миёни Мадуро ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, талоши охирин барои ҷилавгирӣ аз рӯёрӯии мустақим будааст. Ин тамос бо ҳамоҳангии кишварҳои Бразилия, Қатар ва Туркия анҷом шудааст.
Вошингтон, мақомоти Венесуэларо ба нокифоя будани талошҳо дар муқобила бо қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кардааст, ҳарчанд мадракӣ ироа накардааст.
Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» гузориш додааст Трамп анҷоми амалиёти махфиёнаи Созмони СИО дар Венесуэларо низ муҷоз донистааст. Расонаҳои амрикоӣ борҳо эълом кардаанд эҳтимоли оғози ҳамлаҳо ба хоки Венесуэла вуҷуд дорад. Трамп низ рӯзи 27 ноябр гуфта буд амалиёти заминӣ барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир «ба зудӣ» оғоз хоҳад шуд, бидуни он ки ҷузъиёти мудохилаи эҳтимолии низомиро мушаххас кунад.
Your Comment